Admin
- Среда, 24 Апрель 2019
Маъюбият – ҳукм нест: “Ман муаллифи зиндагии худ ҳастам”
Маъюбият – ҳукм нест: “Ман муаллифи зиндагии худ ҳастам”
Дар ҷомеаи мо шахсони маъюбиятдошта мушкили зиёд доранд, аз қабили набудани пандусҳо дар биноҳои истиқоматию корӣ, нақлиёти махсус, дарёфти ҷойи кор... аммо мушкили асосӣ дар дохили ҳар як инсон ҷойгир аст. Муносибати ҷомеа бо онҳо ва интизории онҳо аз ҷомеа – ана инро бояд иваз кард. Худи ашхоси маъюбиятдошта бовар доранд, ки ҳар нафар равиши зиндагии ҳар нафар дар дасти ӯст.
Подробнее ...- Среда, 24 Апрель 2019
Садама
Садама
Рустам Эмомов 37 сол дорад. 30 қабл дар садамаи нақлиётӣ аз пойи равонаш маҳрум шуд. Падару модар бисёр кӯшиш карданд, то саломатии ӯро барқарор кунанд, аммо нашуд.
«Замони кӯдакӣ, ягона мушкили ман баъди он рӯзи нохуш гирифтани таълим буд. Чун дар мактабҳо барои шахсони маъюб, ба хусус нафарони бо аробача ҳаракатмекарда, шароит муҳайё набуд ва ҳоло ҳам нест, ман маҷбур будам, ки бештар вақт дар хона таълими илм бигирам. Муаллимон омада дар хона дарс медоданд ва волидайнам ҳам дар ин самт саҳми калон доранд. Чун худам хоҳиши хондан доштам, бештар худомӯзӣ мекардам ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ кӯмакам кард, то мактабро хатм кунам.
Подробнее ...- Среда, 24 Апрель 2019
17 ҳадафи рушди устувор: Ҳадафи чорум - таҳсилоти босифат ва фарогир
Санаи 25 январи соли 2019 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» мизи муддавар дар мавзӯи «Иттиллоотнокии ҷомеа оид ба Ҳадафҳои рушди устувор – таҳсилоти босифат ва фарогир, бо ҷалби бештари ҷавонони дорои имкониятҳои ҷисмонии маҳдуд» аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи таълимоти калонсон дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ хонум Текла Келберт, директори минтақавии DVV International оид ба муҳимияти дастрасӣ ба таълимоти босифат ва фарогир, ки яке аз бандҳои 17 Ҳадафи рушди устувор (ҲРУ) дар солҳои 2015-2030 аст, суханронӣ карда гуфт, ки дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» дар ин самт корҳои хеле зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Подробнее ...