wrapper


Маъюбият – ҳукм нест: “Ман муаллифи зиндагии худ ҳастам”

Дар ҷомеаи мо шахсони маъюбиятдошта мушкили зиёд доранд, аз қабили набудани пандусҳо дар биноҳои истиқоматию корӣ, нақлиёти махсус, дарёфти ҷойи кор... аммо мушкили асосӣ дар дохили ҳар як инсон ҷойгир аст. Муносибати ҷомеа бо онҳо ва интизории онҳо аз ҷомеа – ана инро бояд иваз кард. Худи ашхоси маъюбиятдошта бовар доранд, ки ҳар нафар равиши зиндагии ҳар нафар дар дасти ӯст.   

Мавзунҷон Ғафурзода: 24 сол дорам, дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудаам. Замони кӯдакӣ мисли дигар тифлон шуху бепарво будам ва тақрибан дар синни 5 солагӣ бинобар бемор шуданам ва минбаъд табобати хуб нашудан, биноишам кам шудан гирифт. Волидайнам, ки бо ҳам зиндагӣ намекарданд, шояд яке ба умеди дигареву дигаре ба умеди аввалӣ шуда, дар оғози бемориам касе дуруст аз паси табобат нашуд. Вақте маро барои ҷарроҳӣ ба Самарқанд бурданд, аллакай дер шуда буд. Ин аст, ки имрӯз тамоман аз чашми бино маҳрумам.

Замони мактабхониам фаро расид ва маро ба мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор равон карданд. Дар аввал бароям мушкил буд, аммо баъдан ин макон бароям на танҳо даргоҳи илм, балки хонаи асосӣ шуд. Замони таълим дар мактаб-интернат ҳамеша орзу мекардам, ки таҳсиламро дар ягон донишкада ё донишгоҳи олӣ идома диҳам ва ҳатман соҳиби маълумоти олӣ мешавам. Замони хатми мактаб-интернат низ расид ва барои он ки касе маро суроғ намекард, манзурам падарам аст, чун модарам дигар дар қайди ҳаёт нест, роҳбарияти мактаб-интернат мехостанд маро ба хонаи пиронсолони ноҳияи Ёвон равон кунанд. Ман ба худам чунин муносибатро раво надидам ва тасмими ба Душанбе омадану таҳсил карданам боз ҳам қавитар шуд. Ҳамин буд, ки ба коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар бахши окордион дохил шудам. Муддати чор сол он ҷо хондам, тамоми шароит барои таҳсилам буд ва бо кӯмаки нафарони масъул ба хобгоҳ низ таъмин будам. 

Албатта ҳар инсони комил ба бузург шуданаш орзуву нақшаҳояш низ калон мешаванд. Баъди хатми коллеҷ барои идомаи таҳсили илм ба консерваторияи миллӣ ҳуҷҷат супоридам. Ҳарчанд дар аввал барои таҳсили ман дар ин даргоҳ мушкилиҳо эҷод карданд, аммо ҳоло бароям муяссар шуд, ки донишҷӯйи курси якуми факултаи сурудхонии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон гаштам.

Аз вақте худамро ҳамчун инсони комил шинохтам, кӯшиш мекунам, ки худамро таъмин намоям. Ҳиҷ вақт намехостам, ки сарбории нафаре шавам, барои ҳамин ният дорам дар оянда консерваторияро хатм карда, дар соҳаи интихобкардаам саҳми худро дар пешрафти ҷомеа гузорам ва ба нафарони мисли худам дар зиндагӣ дасти ёрӣ дароз кунам. Ба зиндагии хуб умед дорам ва боварам бар он аст, ки ҳар нафар муаллифи зиндагии худ аст.

Амдин Саидалиев: 21 солаам, дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудаам, аммо вақте се сола будам, волидайнам ба пойтахт омаданд. Орзу мекардам, ки боксёр шавам. Дар синни 9 солагӣ аз пойи равонам маҳрум шудам. Қабули ин ҳақиқати талх бароям осон набуд, ҳатто он рӯзҳоро ба ёд овардан намехоҳам. Аммо бо дастгирии падару модарам ва бародарам, инро ҳам паси сар кардам. Новобаста аз ин ҳодиса бояд хонданамро идома медодам ва дар наздам ду роҳ буд: ё дар хона муаллимон таълимам медоданд, ё ба мактаб-интернатӣ ноҳияи Ҳисор мерафтам. Албатта модарам барои ба интернат рафтанам зид буд. Аммо барои худам ҳамчун як писарбачаи шух, ҳатто тасаввур кардани он ки бояд ҳамеша дар хона бошаму боз дарс хонам, мушкил буд. Як хола дорам, ки хеле оқила аст ва ӯ модарамро бовар кунонд, ки дар мактаб-интернат барои ман беҳтар хоҳад буд.

Воқеан ҳам дар мактаб-интернат ман худро озод эҳсос мекардам ва дар баробари омӯзиши илм, ин даргоҳ бароям дарси зиндагиро низ омӯхтааст. Имрӯзҳо зиёд мебинам, ки ҷавонони ҷисман солим аз ину ону шикоят мекунанду барои дарёфти кор умед ба “тағову амак” мебанданд, аммо дар мактаб-интернат моро дигаргуна ба зиндагӣ омода мекунанд. Яъне, умед бояд танҳо ба худ ва қувваи худ бастанро меомӯзанд.

Аз ҷомеа хоҳиш дорам, ки ба шахсони маъюбияти ҷисмонӣ дошта ҳамчун ба нафарони тамоман корношоям муносибат накунанд. Мисол, агар ба як нафар ду се маротиба нони тайёр оварда диҳӣ, ба ҳамин муфтхӯрӣ одат мекунад. Бинобар ин, беҳтар аст агар ба ашхоси маъюбиятдошта барои кор кардану зиндагиашонро мустақилона пеш бурдан шароит фароҳам овард.

Ман баъди хатми мактаб-интернат ду соли дигар дар литсеяи махсуси касбии маъюбон таҳсиламро идома дода, соҳиби дипломи муҳосибӣ шудам. Аввалин таҷрибаи кориам аз ташкилоти ҷамъиятии “Имконият” ба ҳайси коромӯз оғоз шуд ва имрӯз дар якчанд фирма ҳамчун муҳосиб кор мекунам. Ҳарчанд ки боксёр нашудам, аммо варзишгарам. Шомили дастаи баскетболбозон бо аробачаи махсус – «Ғайрат» ҳастам ва ҳафтае ду маротиба бо роҳбарии мураббиамон тамрин мекунем. Ман мехоҳам, ки мутахассиси хуби соҳаи муҳосибот шавам ва барои расидан ба ин  ҳадафи худ ҳар рӯз дар пайи омӯзиш ҳастам.

Инсон дар зиндагӣ новобаста аз камбудии ҷисмонӣ доштанаш бояд некбин бошад ва дар дил умеду орзу ва дар сар нақшаҳои зиёд парварида барои амалӣ шудани онҳо тамоми нерӯи худро равона созад.

М.Нозимӣ

Маводи мазкур дар лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.


   

Последнее изменение Среда, 24 Апрель 2019

О нас

 ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ОРГАНИЗАЦИИ: 

Содействие в обеспечение равных прав и возможностей женщинам с инвалидностью в участии во всех сферах общественной жизни.

Активизация и вовлечение женщин с инвалидностью в общество. 

Повышение потенциала ЖСИ, путем проведения семинаров и обучения навыкам. 

Внедрение социально-правовой модели инвалидности. 

Повышение правовой грамотности ЖСИ. 

Предотвращение попадания Детей с инвалидностьюв специализированные учреждения.