wrapper


Садама

Рустам Эмомов 37 сол дорад. 30 қабл дар садамаи нақлиётӣ аз пойи равонаш маҳрум шуд. Падару модар бисёр кӯшиш карданд, то саломатии ӯро барқарор кунанд, аммо нашуд.  

«Замони кӯдакӣ, ягона мушкили ман баъди он рӯзи нохуш гирифтани таълим буд. Чун дар мактабҳо барои шахсони маъюб, ба хусус нафарони бо аробача ҳаракатмекарда, шароит муҳайё набуд ва ҳоло ҳам нест, ман маҷбур будам, ки бештар вақт дар хона таълими илм бигирам. Муаллимон омада дар хона дарс медоданд ва волидайнам ҳам дар ин самт саҳми калон доранд. Чун худам хоҳиши хондан доштам, бештар худомӯзӣ мекардам ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ кӯмакам кард, то мактабро хатм кунам.

Баъди ба балоғат расидан ман хуб дарк мекардам, ки бояд ягон касб ё ҳунареро аз худ кунам, то тавонам обу нонамро ёбам.

Аз соли 2005 то 2007 дар литсеи касбии маъюбон хонда, соҳиби касб шудам. Яъне ҳарчанд қаблан ҳам дар хона ба таъмини асбобҳои барқӣ машғул будам, аммо зарур шуморидам, ки бояд ин касбро хубтар аз худ карда, соҳиби шаҳодатнома шавам», -гуфт ӯ ҳангоми сӯҳбат.

Рустам имрӯз соҳиби оила ва як писараки дусола аст. Аввалин вохӯрии худро бо ҳамсараш бо табассум ёд мекунад:

«Ман дар беморхона табобат мегирифтам ва ӯ (ҳамсараш – шарҳи муаллиф) ба аёдати дугонааш ба беморхона омада буд. Аз дугонааш хоҳиш кардам, ки моро шинос кунад. Баъдан бо волидонаш шинос шудем ва онҳо барои оиладор шуданамон дуо доданд. Ҳоло як писарчаи дусола дорем, 7 сол шуд оиладорем. Шукр аз он мекунам, ки ҳамдигарфаҳмӣ миёни мо ҳукумфармо аст.  Ман кӯшиш мекунам, ки оилаамро хӯронда пӯшонам ва ҳамсарам ҳоло ба тарбияи писарамон машғул аст».

 Хоҳиши мустақил будан

Рустам боварӣ бар он дорад, ки ҳар нафаре меҳнат мекунад, ҳатман баракаташро мебинад.

«Ман имрӯзҳо ба таъмири асбобҳои барқӣ ва телефонҳои мобилӣ машғул ҳастам. Дар бозори Гипрозем як гӯша дорам. Дар як рӯз вобаста аз кор 20-30 сомонӣ кор мекунам, ки ба нону намакам мерасад.

Бисёр одамон вақте маро дар аробачаи маъюбӣ мебинанд «вой-вой», ё «бечорае…» гуфта сар меҷунбонанд, ки ин барои ман шахсан хеле нофорам аст. Чунин муносибат одами маъюбро шикастатар мекунад. Барои ҳамин, хоҳиш дорам, ки одамон эҳсосоти худро идора кунанд ва маъбонро узви комили ҷомеа ҳисобанд. Агар ба мо ҳам имкон диҳанд ва шароит фароҳам оваранд, мо ҳам метавонем мисли одамони ҷисман солим кору зиндагӣ кунем. Муҳим ақли расо ва хоҳиши мустақил буданро дорем», -мегӯяд Рустам.

 Мушкили асосӣ

Ба қавли Рустам имрӯз яке аз мушкилоти ҳалталаби ӯ ва оилааш надоштани манзили зисти шахсӣ аст, дигар тамоми мушкилот барояш ҳалшавандаанд:

«Шукри Худо аз ӯҳдаи тамоми кор мебароям. Агар худам ҳам коре карда натавонам, бародаронам ҳастанд ё ҳамсояҳо, ки мисол дар таъмири дару девор кӯмак мекунанд. Ягона мушкиле, ки маро азият медиҳад – надоштани хонаи шахсӣ аст. Мо ҳоло дар хобгоҳи давлатӣ зиндагӣ мекунем. Қаблан ин хобгоҳ аз як тоҷир буд ва мо иҷорапулӣ месупоридем, аммо ҳоло шукр, ки бароямон ройгон аст зиндагӣ дар ин ҷо. Хонаи ман аз як ҳуҷра иборат аст ва ростӣ на ҳама шарту шароит барои зиндагӣ дорад. Барои ҳамин зиёд мехоҳам ва омодаам, ки барои хариди хонаи шахсӣ кор кунам, агар он барои мо ба таври имтиёзнок ва нархи дастрас дода шавад».

 Орзу ва нақшаҳо

Рустам боварӣ дорад, ки ашхоси маъюбияти ҷисмонидошта ҳам метавонанд бо меҳнати ҳалоли худ рӯзиашонро пеш баранд ва дастнигари дигарон набошанд.  

«Ман новобаста аз маъюбияти ҷисмӣ ҳамин касбро аз худ кардам ва имрӯзҳо аз пушти он нон мехӯрам. Чанд сол қабл як лоиҳа ҳам навишта будам, ки тибқи он мехостам як курсҳои омӯзишӣ таъсис диҳам ва барои нафарони маъюб ҳамин касби худамро омӯзонам. Мутаассифона он лоиҳаи ман дар рӯйи қоғаз монд, чунки ягон нафари сарватманд ҳам ёфт нашуд, ки онро дастгирӣ кунад. Яъне барои ман ҷойи дарсдиҳӣ барои хоҳишмандон лозим аст. Агар чунин имкон пайдо шавад, ман омодаам, ки то ба 10 нафар мисли худам одамон ҳамин касбамро омӯзонам.

Мисол баъзан мешавад, ки ягон нафар маро дар аробача дида, як сомонӣ дароз мекунад, аммо ман шахсан ба ин ниёз надорам, чунки худам кор мекунам ва нонамро меёбам. Он нафарони талбанда худашон даст дароз мекунанд, аммо на ҳар нафари дар аробачаи маъюбӣ нишаста дастнигару талбанда аст. Ман боварӣ дорам, ки агар шахс ҳунар дошта бошад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Барои ҳамин, агар нафароне, ки мехоҳанд ба маъюбон кӯмак кунанд, бояд роҳи омӯзишии онҳоро фикр кунад. Кӯмаки молӣ як ё ду маротиба аст, аммо кӯмаки маънавӣ барои якумра мебошад», - хулоса мекунад ҳамсӯҳбати мо.  

 Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории  иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.


  

Последнее изменение Среда, 24 Апрель 2019

О нас

 ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ОРГАНИЗАЦИИ: 

Содействие в обеспечение равных прав и возможностей женщинам с инвалидностью в участии во всех сферах общественной жизни.

Активизация и вовлечение женщин с инвалидностью в общество. 

Повышение потенциала ЖСИ, путем проведения семинаров и обучения навыкам. 

Внедрение социально-правовой модели инвалидности. 

Повышение правовой грамотности ЖСИ. 

Предотвращение попадания Детей с инвалидностьюв специализированные учреждения.