Барномаи таълимии фарогир «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» аз ҷониби як гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ташкил шудааст, барои таълим додани шахсони дорои эҳтиёҷоти махсуси таҳсилоти синнашон аз 14-сола боло, ки саводи заминавӣ надоранд, яъне навиштан, хондан, ҳисобро намедонанд, омода шудааст. Курси озмоишии барнома моҳи декабри соли 2019 бо иштироки 17 нафар ҷавонони дорои маъюбияти гуногун баргузор гардид. Ба ғайр аз таълими малакаҳои заминавии саводнокӣ, шунавандагон баъзе малакаҳои ҳаётӣ чун мустақилият ва мутобиқшавии иҷтимоиро низ ба даст оварданд.
Баъдан, барномаи таълимӣ барои истифода аз ҷониби Шӯрои методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шуда, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таълимию методӣ ва мониторинги сифати таълим» назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад.
Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:
Халикова Зарина, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон тавассути почтаи электронии khalikova@dvv-international.tj ва
Иноятова Саида, директори ТҶ "Созмони занони маъюб “Иштирок”” дар Тоҷикистон» тавассути почтаи электронии: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..