Аз хурдӣ ба бемории фалаҷи майнавии кӯдакона гирифтор будам, бинобар ин, мисли дигарон бо пойи худ ба мактаб рафта наметавонистам. Ман ҳамеша дар аробачаи маъюбӣ қарор доштам. Модарам борҳо назди директори мактаби деҳаамон рафта хоҳиш кард, ки маро ба мактаб қабул кунанд. Чунин ҳам шуд. Ман акнун ба мактаб мерафтам. Ба сухан баён карда намешавад, ки ман чӣ хел хушбахт будам. Ҳарчанд мисли ҳамсолонам давутозу футболбозӣ карда наметавонистам, аммо хурсанд аз он будам, ки акнун мактаб мехонам.
Медонед шабҳо ман чӣ хоб медидам? Хоб медидам, ки бо пойҳои худам роҳ меравам. Хоб медидам, ки ман давида истодаам. Аммо вақте аз шодӣ бедор мешудам, дунёи воқеиро медидам.
Воқеан, инсон ба тақдираш ҳамон вақт тан медиҳад, ки табибон “вердикт”-и худро мебароранд. Баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба ман маъюби гуруҳи якум дода шуд. Ҳамин хел мактабро ҳам хатм кардаму зиндагӣ якранг сипарӣ мешуд.
Соли 2017 барои ман беҳтарин соли ҳаётам буд. Дар хона будем. Дарамонро кӯфтанд. Падарам баромада бо касе суҳбат карду ба назди ман омада гуфт: “Дар деҳа ҷавонони дорои маъюбиятро рӯйхат карда истодаанд, чун кадом як ташкилот онҳоро ба омӯзиши касбӣ фаро мегирифтааст. Ва ман туро низ номнавис кардам”.
Ин хабар маро хушҳол кард, чун ҳадди ақал бо баҳонаи хондан аз хона имкони ҷое рафтану бо шахсони гуногун шинос шудан пайдо гашт.
Моро ба семинари омӯзишӣ ба маркази шаҳр даъват карданд. Дар семинар ба мо гуфтанд, ки фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи “Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир” амалӣ мегардад ва мо дар якчанд семинар иштирок хоҳем кард.
Барои ман ҷолибияти ин семинарҳо дар он буд, ки бисёре аз тренерон ҳамсолону ҳамтақдирони худам буданд ва ин маро ба зиндагонӣ дилгарм мекард. Вақте ман дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок мекардам, эҳсосотам нисбат ба шахсияти худам, нисбат ба зиндагию атрофиён таъғийр меёфт. Баъди он семинарҳо ҳис кардам, ки ман ҳам дар ҷамъият шахси даркорӣ ва мисли дигарон дорои ҳуқуқҳое ҳастам, ки иҷрои онҳо аз талаб кардани ман ҳам вобастагӣ дорад.
Баъди гузаштани семинарҳо муносибати ман ба одамон дигар гашт ва ин боис шуд, ки муносибати дигарон низ ба ман таъғийр ёфт. Ба худ кор пайдо намудам. Ба таъмири телефонҳои мобилӣ машғулам. Аз кори худ, дар баробари маблағе барои рӯзгор пайдо кардан, боз аз одамон суханҳои хуше, амсоли “раҳмат”, “дастатон дард накунад”, “мушкиламро хеле осон кардед”, “раҳмат ба падарат” мешунавам, ки диламро ба зиндагӣ боз ҳам гармтар мекунанд.
Аз ҳамаи ҳамсолону ҳамтақдирони худ хоҳиш карданиам, ки ҳамеша дар омӯзиш бошед, аз ҳама имкониятҳо истифода баред ва зиндагиро дӯст доред!
***
Ман Каромат Ашрапова, 10-уми январи соли 1992 дар деҳаи Чинори шаҳри Панҷакент дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Ҳама аз таваллуд шудани ман хеле хурсанд буданд, аммо ман мисли ҳамаи тифлон тавре мегӯянд “бо чор ишкели бутун” набудам. Ба ман категорияи “кӯдаки маъюб”, гуруҳи дуюм доданд.
Модарам тамоми мушкилоти зиндагониро бар дӯш гирифту маро бо тамоми ҳастӣ ва меҳру муҳаббат ба воя расонд. Вай ҳамеша кӯшиш мекард ба ман беҳтарин либосро пӯшонаду беҳтарин ғизоро хӯронад. Падарам ҳам хеле ҳалиму меҳрубон буд. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент супоридам ва соҳиби диплом гаштам. Имрӯзҳо дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №39-и ҷамоати деҳоти Чинор ба хонандагон аз фанни забони модарӣ дарс мегӯям.
Ҳарчанд кӯшиш менамоям, ки маъюбиамро қисме аз зиндагии худ бинам, аммо ин ба ман муяссар намешавад. Аввал ин ки, ҳоло ҳам ҷомеаи мо барои қабули шахсони дорои иконияти маҳдуд омода нест. Ман инро дар ҳар нигоҳи мардум нисбати худам эҳсос мекунам. Дигар ин ки, шояд худи шахсони маъюбиятдошта ҳам худашон барои дигар кардани афкори худу мардум омода нестанд.
Аммо дар ҳаёти ман воқеае рух дод, ки муносибати маро пеш аз ҳама ба худам дигар кард. Боре аз Маркази саломатии деҳа ҳамшираи шафқат ба суроғи ман ба мактаб омаду гуфт, ки ҷавонони синни аз 15 то 30-соларо ба кадом як курси омӯзишӣ фаро мегирифтаанд ва хоҳиши маро оид ба иштирок дар ин курсҳо пурсид. Ман бе ягон дудилагӣ розӣ шудам. Баъди иштирок дар тренингҳо, ки дар шаҳри Панҷакент гузаштанд, маро боз барои тренинг ба шаҳри Душанбе таклиф карданд. Агар ман гӯям, ки баъди гузаштани ин тренингҳо тамоман дигар одам шуда, ба зодгоҳам омадам, мумкин бисёриҳо бовар накунанд. Аммо ин воқеият аст. Дар тренингҳо миёни 20 нафар ҳамсолонам иштирок кардам ва худам ҳам ба сифати тренери оянда интихоб шудам.
Дар ҳақиқат зиндагӣ муъҷизаҳои худро дорад ва ҳар касе, ки аз мушкилӣ намеҳаросад, албатта ба қуллаҳои баланд мерасидааст. Акнун ман ҳам нақшаву орзуҳои зиёде дорам ва кӯшиш мекунам онҳо амалӣ шаванд.
БАРОИ МАЪЛУМОТ:
Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад, як қатор чорабиниҳо оид ба дастгирӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои ашхоси дорои маъюбият дар кишвар роҳандозӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар минтақаҳои мақсаднок — шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт тренингҳои омӯзишӣ оид ба малакаҳои тоҷирӣ, фаҳмиши ҳозиразамони маъюбият ва ҳуқуқи инсон, малакаҳои ҳаётӣ, таҳсилоти фарогир, усули таълими интерактивӣ, курсҳои таълимии касбӣ оид ба қаннодӣ, занбӯрпарварӣ дар доираи лоиҳаи зикршуда гузаронида шуданд, ки то ба имрӯз онҳо беш аз 300 ҷавони маъюбиятдоштаро фаро гирифтаанд.
М. НОЗИМӢ
Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.