wrapper

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2020,

№116 тасдиқ шудааст

 

Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

1. Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (минбаъд - Нақшаи амалҳо) мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", инчунин барои амалишавии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даври(давраи дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №901 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

2. Нақшаи амалҳо иродаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони- узви Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд - СММ) буда, барои тадриҷан тайёр намудани заминаи иҷтимоию иқтисодии муносиб ҷиҳати тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (минбаъд - КҲМ) мусоидат менамояд. Он аз муқаррарот ва принсипҳои конвенсияҳо ва дигар санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. КҲМ 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба имзо расонида шудааст.

3. Нақшаи амалҳо дорои хусусиятҳои ҳуқуқива иҷтимоибуда, амалишавии он бо дар назар доштани Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ барои то соли 2030, дурнамои рушди дарозмуддати Тоҷикистонро, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаааст, инъикос намуда, ба тақвият бахшидани ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият ва тағйир додани муносибат нисбати маъюбон аз нуқтаи назари КҲМ равона шудааст.

4. Маъюбият тамоми соҳаҳои идоракунии маъмури ва давлати, иштироки сиёси, рушди иқтисодиёт, муҳити оилавива иҷтимоиро фаро гирифта, уҳдадориҳо, масъулият ва иштироки тарафҳои манфиатдори гуногун, аз ҷумла сохторҳои давлати, бахши хусусива ҷомеаи шаҳрвандиро талаб менамояд. Маъюбият муносибати муфассал ва возеҳро аз рўи ҳамаи ҷанбаҳо, ки ба таҳияи сиёсат ва ташкили хизматрасониҳо алоқаманд мебошанд, талаб менамояд.

5. Мисли дигар шаҳрвандон шахсони дорои маъюбият ба муносибати сазовор ва баробар дар ҷамъият ҳуқуқ доранд, инчунин онҳо бо мақсади худинкишофдиҳива иштироки комил ҳуқуқ ба дастрасии баробар ба ҳамаи низомҳо, аз ҷумла маориф (таҳсилот), ҳифзи иҷтимои, тавонбахшию тавонмандсози, тандурустива барномаҳои рушди малака, шуғл, дастраси ба адолати суди ва ба дигар соҳаҳои фаъолияти ҳаётиҳуқуқи баробар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи СММ, аз ҷумла Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустиҳамраъй буда, маъюбиятро ҳамчун мушкилоти умимисоҳави(иҷтимоива тандурустии ҷамъияти, ҳуқуқи инсон ва афзалияти рушд) эътироф менамояд.

6. Нақшаи амалҳо ҳамчун "харитаи роҳ" ҳуҷҷати асосие ба шумор меравад, ки дар заминаи ба ҳам муттаҳид намудани саъйи мақомоти давлатива ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандибарои таъмини бунёди шароит ва механизмҳои зарурибаҳри амалишавии муқаррароти КҲМ равона гардидааст.

2. ВАЗЪИ ШАХСОНИ ДОРОИ МАЪЮБИЯТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7. Тибқи маълумоти омори расмиба ҳолати 1 декабри соли 2019 дар Тоҷикистон қариб 150 000 нафар маъюбон, аз ҷумла 27329 кўдаки маъюб ба таври расми ба қайд гирифта шудаанд, ки тақрибан 1,6 фоизро аз шумораи умумии аҳоли(9126,6 ҳазор нафар) ташкил медиҳад. Вазъи пурра оид ба маъюбон, дастовардҳо ва мушкилоти соҳа дар Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 тасдиқ шудааст, дарҷ гардидааст.

8. Шахсони дорои маъюбият бо дигар шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд, ки ин ҳуқуқҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилали сарчашма мегиранд. Ҳамзамон дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардидаанд, ки тартиби амалишавии онҳоро муайян мекунанд. Чунончи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" асосҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва ташкилии ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагива ҳамгирои бо ҷомеаро фароҳам меорад.

9. Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии марбут ба маъюби мушаххасан оварда шуда, принсипҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон, ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии ҳокимияти марказива мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон муайян карда шудааст.

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" асосан ба ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият равона гардида, дар он ҳуқуқҳои маъюбон дар соҳаи адолати суди, қобилияти ҳуқуқдории граждани, муносибатҳои оилавива монанди инҳо пурра ва мушаххасан баён карда нашудаанд. Ҳарчанд дар қонунгузории соҳаҳои марбута, ба монанди Кодекси граждани, Кодекси меҳнат, Кодекси оила ва ғайраҳо дар ин хусус муқаррароти муайян дарҷ гардидааст.

11. Дар таҷрибаи кор бо маъюбон ва раванди муайян намудани маъюбияти шаҳрвандон дар Тоҷикистон як усули муайян мавҷуд набуда, асосан модели дорои хусусияти тибби ва хайриявиистифода карда мешавад. Дар баробари ин, дар барномаҳои соҳавива чорабиниҳои мақомоти ваколатдори давлатимавзўъҳои иҷтимои ва принсипҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилали, аз ҷумла муқаррароти КҲМ истифода мешаванд.

12. Модели тиббива хайриявибештар нисбати кўдакони маъюб ва маъюбони гурўҳи якум истифода бурда, ба тифлони аз 2-сола хурд маъюбият муқаррар карда намешавад ва онҳо таҳти назорати муассисаҳои давлатии тандурусти ва хадамоти дахолати бармаҳал гирифта хоҳанд шуд.

13. Барои муайян намудани норасоиҳои болозикр, номутобиқатии муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилали, бахусус бо КҲМ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақсаднок, бо дар назар доштани ҷанбаҳои гендерива истифодаи имкониятҳои зеҳнию ҷисмони, инчунин масъулияти шахсии маъюбон зарурати анҷом додани таҳлили ҳаматарафаи тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба миён омадааст.

14. Дар ҷомеаи Тоҷикистон нисбати шахсони дорои маъюбият муносибати хайрхоҳона ва ғамхории анъанави васеъ паҳн гардида бошад ҳам, баъзан табъиз ба мушоҳида мерасад, ҳарчанд табъиз тибқи қонунгузориманъ карда шудааст.

15. Дар аксар маврид шахсони дорои маъюбият, ҳатто онҳое, ки дорои имконияти кориҳ астанд (маъюбони қобили меҳнат) ва имконияти машғул шудан ба кор доранд, барои дарёфти шуғли муносиб ва касбу ҳунаре, ки даромади онҳоро таъмин кунад, кўшиш намекунанд. Маъюбон ва аъзои оилаи онҳо дар бештар маврид ҳуқуқҳои худро намедонанд, маърифати кофии ҳуқуқинадоранд, аз ин сабаб дастрасии онҳо ба таҳсилот маҳдуд буда, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятихеле кам ба назар мерасад.

16. Дар Тоҷикистон барои таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, таъмини имконияти баробар бо шаҳрвандони дигар метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятитаъсис диҳанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон ва ташкилотҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёзҳои андоз истифода мебаранд.

17. Тибқи қонунгузории амалкунанда солҳои охир ба зиёда аз 20 иттиҳодияи ҷамъияти, ки таҷрибаи муайяни расонидани хизматҳои иҷтимоиба кўдакони дорои имконияти маҳдуд доранд, фаъолияти онҳо оид ба ташкили марказҳои хизматрасонии иҷтимоиба ин категорияи шаҳрвандон аз ҷониби давлат тавассути фармоишоти иҷтимоии давлатимаблағгузорикарда мешавад.

18. Хароҷоти давлатидар соҳаи иҷтимоизиёда аз 15 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба 4,7 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилибаробар мебошад. Маблағгузории муассисаҳои иҷтимоиҳамасола зиёд гардида истодааст.

19. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, хусусан таҳти ғамхории доимифаро гирифтани онҳо зери назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалиРаҳмон қарор дошта, маҳз тавассути ташаббусҳо ва дастгириҳои бевосита даҳҳо муассисаҳои иҷтимоибарои маъюбон ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоитаъсис дода, фаъолият карда истодаанд. Танҳо дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолизиёда аз 100 ташкилоти давлатибарои пешниҳоди хизматҳо ба маъюбон фаъолият намуда, ҳамасола ҳазорҳо маъюбон бо хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоифаро гирифта мешаванд.

20. Бо вуҷуди ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳоли, бахусус маъюбон таъкид намуда, дар ҳар як паёми худ дар ин хусус дастуру супоришҳои мушаххас ироа менамоянд. Чунончи, моҳи январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалиРаҳмон изҳор доштанд, ки "фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимои, ки ба дастгирии иҷимоии маъюбон ва дигар гурўҳҳои осебпазири аҳолиравона гардидаанд, дигаргунсозиҳои (ислоҳоти) ҷиддиро талаб менамояд".

21. Новобаста ба дастовардҳои ноилгардида ва тамоюлҳои мусбат дар маблағгузории соҳа, ҳаҷм, сифат ва дастрасии хизматрасониҳо нокифоя буда, дар ин самт бояд тадбирҳои иловагиандешида шавад.

 22. Амалигардонии тадбирҳои иловагива тақвият бахшидани корҳо дар самти маъмурикунони, идора ва татбиқи муқаррароти қонунгузоридар сатҳи маҳаллибаҳри омода гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи КҲМ омили муҳим арзёбигардида, дар ҳаёт амалигардидани онҳо, аз ҷумла амалинамудани муқаррароти Конвенсияи мазкур дар асоси ҳамин Нақшаи амалҳо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии давлат ҳохад буд, анҷом дода мешавад.

23. Тасдиқи КҲМ омода сохтани тартиби дохилиро барои амалинамудани уҳдадориҳо, ки тибқи Конвенсия ба зиммаи кишварҳои иштирокчивогузор гардидааст, пешбинименамояд. Ин гуна омодагиаз ду иқдоми асоси, ки дар моддаи 4 (1)- КҲМ дарҷ шудаанд, оғоз мегардад: қабул намудани меъёрҳои қонунгузори, маъмурива дигар меъёрҳо мутобиқ ба КҲМ ва даст кашидан аз он меъёрҳое, ки ба КҲМ мувофиқ нестанд.

24. Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон қайд менамояд, ки "яке аз тадбирҳое, ки давлат бо мақсади иҷрои дахлдори Конвенсия бояд анҷом диҳад, ин гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи қонунгузории миллива асосҳои сиёсат нисбати маъюбон мебошад. Чунин таҳлил бояд хеле дақиқ анҷом дода шавад ва набояд танҳо баррасии модда ба моддаи Конвенсия бошад, балки усули мукаммалеро дар ин раванд пешбининамояд, ки алоқамандива ҷудонопазирии ҳуқуқҳои инсонро таҷассум намояд... Мутобиқ ба Конвенсия дар ҷараёни чунин таҳлил таъмин намудани иштироки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандива пеш аз ҳама ташкилотҳои маъюбон зарур мебошад".

25. Чорабиниҳои замимагардидаи Нақшаи амалҳо бо дар назар доштани тадбирҳои болозикр таҳия гардида, асосан самтҳои зеринро дар бар мегиранд: - такмил додани қонунгузоридар қисмати таъмини мутобиқати он ба муқаррароти КҲМ; - фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъоли шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти шахсива ташаккули фаҳмиши худтаъминкунии маъюбон баҳри истифодабарии иқтидори худ дар раванди ҷомеа ва ҳаёти шахси; - бунёди муҳити иҷтимоии мусоид ва дастрас барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла маъюбон; - баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии маъюбон ва аъзои оилаи онҳо, тақвият додани маъракаҳои иттилоотиоид ба масъалаҳои маъюбият ва ташаккули тарзи ҳаёти солим.

 

 

Замима

 

 

Замима

ба Нақшаи миллии амалҳо

оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва

амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон

 

 

ЧОРАБИНИҲОИ НАҚШАИ МИЛЛИИ АМАЛҲО

ОИД БА ОМОДАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАСДИҚ ВА

АМАЛИНАМОИИ КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ ҲУҚУҚҲОИ МАЪЮБОН

БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2024 

 

Афзалиятҳо аз рӯи Конвенсия

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлати иҷро

Иҷрокунандагон

Манбаи маблағгузорӣ

 

1. Уҳдадориҳои умумӣ

 

моддаи 4(1)

1.1. Тартиб додани ҷадвали мутобиқгардонии қонунгузории соҳавӣ бо муқаррароти КҲМ, аз ҷумла баррасии зарурати таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” дар таҳрири нав ва ё ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда.

Пурра баррасӣ намудани меъёрҳо ва муқаррароте, ки аз ҷумла ба қонунгузории моддӣ ва мурофиавӣ дахл дошта, муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, ҳуқуқии ҷиноятӣ ва ҳуқуқии маъмуриро танзим менамоянд, баррасии қонунҳо, ки ба масъалаҳои интихобот ва иштирок дар интихобот, муҳоҷират ва ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, нигоҳ доштан дар боздоштгоҳ ва маҳбасхонаҳо, суғурта, таҳсилот, шуғли аҳолӣ, саломатӣ, аз ҷумла солимии равонӣ, гузаронидани муоинаи ҳатмии вазъи саломатӣ ва табобат, муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, васоят ва парасторӣ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, қонунгузорӣ дар соҳаи амният, муроҷиати шаҳрвандон ва ғайраҳо бахшида шудаанд

 

2020-2023

ГКБДИП, ВИД, ММҚ, ВҲИ

Кумаки техникии шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

 

 

1.2.           Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон: дар бораи интихобот, мурофиавии гражданӣ, андоз, гражданӣ, манзил, меҳнат, оила, маориф, тандурустӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ, дар бораи  истеҳсолоти иҷро, адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ҳифзи маълумоти шахсӣ, муроҷиатҳои шахсони  воқеӣ  ва ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариати давлатӣ, ҳимояи давлатӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, забони давлатӣ ва ғайраҳо

2020-2023

ВИД, ММҚ,

ВҲИ

 

1.3.           Дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани Дастурамал оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ.

2020-2023

ВТҲИА

 

Моддаи 33(2)

1.4.           Таҳлили масъалаи таъсис додани кумитаи (ё шўрои) ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020-2021

ВТҲИА, ВҲИ дар мувофиқа бо МНМОҶТ

 

Моддаи 4(1)

1.5.            Тақвият додани мақоми ҳуқуқии забони имову ишора ва доираи истифодабарии ҳуруфоти Брайл

2020

КЗИ, ВМИ, ВФ, ВА, АИ

Маблағгузории буҷети давлатиро талаб намекунад, кумаки техникии шарикони рушд

 

Моддаи 4(3)

1.6.           Баррасии масъалаи таъсис додани сармутахассиси ғайриштатӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ ё мансаби  мушовир оид ба масъалаҳои маъюбон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби мутахассисони маъюбиятдошта

 

2021-2022

КРМ, МИМҲД

Дар доираи маблағҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кумаки техникии шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

Моддаи 19

1.7. Тақвият бахшидан ба  раванди  ғайриниҳодасозии шаклҳои хизматрасонии иҷтимоӣ бо роҳи:

- таҳия намудани қоидаҳои нави қабули бошандагон ба муассисаҳои статсионарӣ (хона/мактаб-интернатҳо);

- инкишоф додани хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона бо роҳи бозсозии низоми маблағгузории раванди дастгирии иҷтимоӣ ва ҷорӣ намудани ихтисоси “Ёрирасони шахсӣ”

- амалӣ намудани лоиҳаи таҷрибавии гурӯҳҳои дастгирии падару модари кӯдакони (навзодони) дорои маъюбият;

- таъмини дастрасии баробари маъюбон ба хизматрасонӣ ва объектҳои истифодаи умум;

- таҷдиди низоми муассисаҳои статсионарии марбут ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- инкишоф додани хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, аз ҷумла бо роҳи бозсозии низоми маблағгузории хадамоти иҷтимоии давлатӣ

Мунтазам

ВМИ, ВТҲИА, КМС, МИМҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор, кумаки техникии шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

2. Таҳсилот

 

Моддаи 24

2.1. Чораандешӣ вобаста ба:

- фароҳам сохтани имкониятҳо барои маъюбон ҷиҳати дастрасии баробар бо дигарон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи босифат ва ройгон дар маҳали зист;

- роҳ надодан ба хориҷ кардани маъюбон бо сабабҳои маъюбӣ аз соҳаи таҳсили умумӣ ва кўдакони маъюб аз низоми таҳсилоти ройгони ибтидоӣ ва миёна;

- андешидани чораҳои муносиб барои мусоидат ба кори омўзгорон, аз ҷумла аз ҳисоби омўзгорони маъюбе, ки забонҳои имову ишора ва ё алифбои Брайлро медонанд ва барои омўзиши мутахассисон ва ҳайати омўзгорон дар ҳамаи сатҳҳои соҳаи маориф;

- таъмин намудани дизайни оқилона ва тадбирҳои фарогир бо мақсади ба маъюбон дастрас гардонидани  таҳсилоти умумӣ, касбӣ, барои калонсолон ва омўзиш дар давраи ҳаёт бе ягон маҳдудият баробар бо дигарон

мунтазам

ВМИ, КМС, ВҲИ, МИМҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

2.2. Тайёр намудан ва азнавтайёркунии (бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси) омӯзгорон оид ба масоили дастрасии шахсони маъюб ба таҳсилот, омода сохтан ва дар низоми таҳсилот ба кор ҷалби кадрҳои нави соҳибихтисос аз ҳисоби маъюбон

2020-2021;

2023-2024

ВМИ, ВРИС, ВММША

 

2.3.  Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, аз ҷумла маъюбон ва аъзои оилаи онҳо дар бораи таҳсилоти фарогир тавассути кор бо ҷамоаҳо, воситаҳои ахбори омма ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла дар торнамои интернетии ВМИ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва МИМҲД ҷойгир намудани иттилоот дар бораи қоидаҳои қабул ба муасисаҳои томактабӣ ва умумии миёна, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ бо шарҳи муфассали тартиби қабули маъюбон дар ин муассисаҳо

 

 

 

мунтазам

КТР, ВФ, ВМИ, ВТҲИА, ККЗО, ККҶВ, МИМҲД, ИЖ, АВАО

 

 

2.4. Таҳия намудани стандарти барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дар назар доштани принсипи дастрасии шахсони маъюб ба таҳсилоти фарогир (таълиму тарбия)

2020-2022

ВМИ, ВММША,

ДМСМТД

 

2.5. Таъмин намудани шахсони маъюб бо маводи таълимии барои онҳо мувофиқ ва бо дар назар доштани талаботи инфиродии онҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ

мунтазам

ВМИ, ВММША, ВТҲИА

 

Моддаи 9

2.6. Тайёр намудани тарҷумонҳои забони имову ишора барои муассисаҳои олии таълимӣ ва азнавтайёркунии  омўзгорони мавҷудаи муассисаҳои томактабӣ ва мактабии ношунавоён

мунтазам

ВМИ

 

3. Дастрасӣ

 

Моддаи 9

3.1. Таҳия ва қабул намудани барномаи давлатии "Муҳити дастрас"

2020

КМС, ВТҲИА, ВМИ, ВН, ХА

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

3.2.  Ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои ҳамаи тарафҳои манфиатдор оид ба муҳимият ва мушкилоти муҳити дастрас

мунтазам

КТР, ВМИ, ВФ, ВТҲИА, КМС, МИМҲД

 

3.3. Таъмин намудани дастрасии ҷисмонӣ ва иттилоотӣ барои шахсони маъюб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ

мунтазам

КМС, ВМИ, МИМҲД,  ДМСМТД

 

Моддаи 9(2)(с)

3.4. Дар барномаҳои таълимии тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии дахлдор ворид намудани курси ҳатмӣ дар бораи "Муҳити дастрас"

2020-2021

ВМИ, КМС,  ДМСМТД

 

3.5. Ҳамасола гузаронидани рейдҳои назоратӣ оид ба риояи меъёрҳои дахлдори дастрасии маъюбон ба бино ва иншоот ва дар заминаи он гузаронидани озмуни меъмори беҳтарин оид ба ташкили муҳити дастрас  бо дар назар доштани тарҳи универсалӣ

мунтазам

КМС, МИМҲД,  КТР, ИМ

 

Моддаи 9(2)(g)

3.6. Андешидани чораҳо вобаста ба:

- таъмини дастрасии одамони ношунаво ва нобино ба барномаҳои телевизонӣ (варзишӣ, хабарӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва филмҳо) бо истифодаи тарҷумаи забони имову ишора  ва субтитрҳо бо забони тоҷикӣ;

- таҳияи таснифоти меъёрии дастрасии хадамоти таъҷилӣ   тавассути тарҷумаи имову ишора ва  таъмини амалигардии он,  таъмини дастрасӣ ба торнамоҳои мақомоти давлатӣ (тавассути ташаккул додани нусхаҳо бо ҳуруфоти калон ва сабти овозӣ ва мисли онҳо);

- таъмини кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият дар мурофиаҳои судӣ;

- таъмин намудани дастрасии мувофиқ ба зерсохтор ва хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ

мунтазам

КТР, ВН, ХА,  ААГ, МИМҲД

 

Моддаҳои 4(3) ва 9

3.7. Ба ҳайати комиссияи давлатии қабули бино ва иншоотҳои давлатӣ ворид намудани намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон вобаста ба мутобиқатии сохтмонҳо ба тарҳи универсиалӣ 

2020

КМС, ВТҲИА, ВММША

Маблағгузориро талаб намекунад

 

Моддаи 27(1)(d), (к)

3.8. Таъмин намудани шароити мусоид барои ҳамаи категорияҳои маъюбон барои таҳсилот ва касбомўзӣ дар марказҳои касбомўзӣ ва таълими калонсолон

мунтазам

ВММША, АСИН, МИМҲД

Дар доираи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

4. Меҳнат ва шуғл

Моддаи 27

 

4.1. Дар барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар барномаву нақшаҳои соҳавӣ пешбинӣ намудани маблағгузорӣ (додани қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва дигар имтиёзҳои меҳнатӣ ва ташкили соҳибкории хурду миёна) ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони маъюб ва аъзои оилаи онҳо

мунтазам

ВММША, ККЗО,  АСИН, МИМҲД

Дар доираи барномаҳои соҳавӣ, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

 4.2. Ҷорӣ  намудани принсипи масъулияти шахсӣ дар байни шахсони маъюбиятдошта ва аъзои оилаи онҳо барои худтаъминкунӣ ва истифодабарии оқилонаи қувваи корӣ аз ҷониби шахсони маъюб ва аъзои оилаи онҳо

мунтазам

ВТҲИА, МИМҲД

Манбаъҳои ғайрибуҷетӣ,  кумакҳои шарикони рушд

 

4.3.  Андешидани чораҳо вобаста ба:

- дастгирии давлатӣ ҷиҳати ба кор андохтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, кару гунгҳо ва нобиноён;

- баррасии масъалаи таҳияи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатӣ барои рушди соҳибкории иҷтимоӣ

то соли 2023

ВТҲИА, ВСТН, КА, ХГ, КДС, МИМҲД, ДМД

 

5. Тандурустӣ ва тавонбахшӣ

 

Моддаи 25

5.1. Таъмини чорабиниҳои мушаххас баҳри пешгирӣ намудани ҳолатҳое, ки сабабгори маъюбияти аҳолӣ мебошанд, тадбирҳои скрининг ва дахолати бармаҳал, хусусан дар овони ҳамл ва тифлӣ

 

мунтазам

ВТҲИА, МИМҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти тандурустӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

Моддаҳои 9 ва 25

5.2. Таъмини дастрасии муносиб ба ҳамаи намудҳои хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла марказҳои солимии репродуктивӣ, таваллудхонаҳо  ва таъминоти доруворӣ тариқи дорухатҳои муассисаҳои тандурустӣ  

мунтазам

ВТҲИА, МИМҲД

 

Моддаҳои 25 ва 26

5.3. Таъсис додани марказҳои реабилитатсионии (солимгардонӣ ва офиятбахшии) шаҳрвандоне, ки бемориашон пурра бартараф нагардидааст ва барои шахсоне, ки дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ ё ҳолатҳои ғайричашмдошт (садамаҳо) ба саломатиашон зарар расонида шудааст ва ё маъюб гаштаанд

шурўъ аз соли 2022

ВТҲИА, ВММША, ВСТН, ММИҲД, ФИКМ

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор ва буҷетҳои маҳаллӣ, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

5.4. Тақвият бахшидани фаъолияти муассисаҳои илмии клиникии пешгирии бемориҳо, хусусан бемориҳои касбӣ ва кўдакона

мунтазам

ВТҲИА, АИТ

 

5.5. Сохтмони бинои нави клиникӣ барои муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”

2021-2024

ВТҲИА, КДСИАД, ВРИС

Аз ҳисоби ҷалби шарикони рушд ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

Моддаи 27

5.6. Таҳия намудани системаи нави муайян намудани дараҷаҳои гум кардани қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таснифот оид ба вазифаҳо ва имкониятҳои функсионалии организм

2021

ВТҲИА, ВММША, АСИН, ФИКМ

Кумакҳои техникии шарикони рушд ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

6. Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятию фарҳангӣ ва машғул шудан ба варзиш

 

Моддаи 29

6.1. Бунёди шароити муносиби дастрасии ҷисмонӣ ва иттилоотӣ барои маъюбон дар ҳамаи ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ ҳангоми баргузории интихобот ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ

дар мавридаш

КМИР, МИМҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

6.2. Дастгирӣ ва омода намудани шахсони маъюб барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ

мунтазам

ВИД, МИМҲД

Кумаки техникии шарикони рушд, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст

 

6.3. Ворид намудани шахсони маъюб ва ё намояндагони қонуни онҳо ба сифати мушоҳидон дар участкаҳои интихоботӣ

дар мавридаш

КМИР, МИМҲД

Маблағгузориро талаб намекунад

 

6.4. Баррасии масъалаи коркарди механизми пешбарӣ намудани шахсони маъюбиятдоштаи арзанда ба рўйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи парламентии кишвар бо дар назар доштани баробарии гендарӣ

дар мавридаш

ВА, КМИР

 

Моддаи 30

 

6.5. Таъмини шароити муносиб барои маъюбон баҳри дастрасии онҳо ба ҳамаи асарҳои фарҳангӣ, телевизионӣ, театрӣ, кино, осорхона, китобхона ва дигар муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ новобаста аз шакли моликияташон

мунтазам

ВФ, КРС, ККҶВ, МИМҲД

 

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

6.6. Андешидани тадбирҳо:

- барои ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқот ҷиҳати иштироки ҳарчи бештари маъюбон дар чорабиниҳои варзишӣ;

- барои таъмини он, ки маъюбон имконияти ташкил намудани чорабиниҳои варзишӣ ва истироҳатиро махсус барои маъюбон дошта бошанд ва барои мусоидати вобаста ба он ки онҳо баробар бо дигарон ба омўзиш, тайёрӣ ва захираҳои муносиб таъмин гарданд;

- барои таъмини он, ки маъюбон ба объектҳои варзишӣ,  дамгирӣ ва сайёҳӣ дастрасӣ дошта;

- барои таъмини он, ки кўдакони маъюб баробар бо дигар кўдакон барои иштирок дар бозиҳо, дар гузаронидани истироҳат ва дамгирӣ ва дар чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла чорабиниҳо дар доираи системаи мактабӣ ҳуқуқи баробар дошта бошанд

мунтазам

ККҶВ, МИМҲД, КП, ФГВҶ

 

 

6.7. Мусоидат ҷиҳати иштирок ва дастрасии шахсони маъюбиятдошта дар ҳаёти фарҳангӣ, истироҳат ва фароѓат, инчунин рушди варзиши маъюбон

2022

ВТҲИА, ВФ, ККҶВ, МИМҲД,

КП, ФГВҶ

 

7. Корҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ

 

Моддаи 8

7.1. Баланд бардоштани маълумотнокии ҷомеа дар бораи фаҳмиши муосири масоили маъюбият бо дар назар доштани усулҳои ба ҳуқуқи инсон асосёфта дар байни шахсони маъюб ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла падару модари кўдакони маъюб, мақомоти давлатӣ, мутахассисон (омўзгорон, табибон, кормандони иҷтимоӣ, ҳуқуқшиносон ва мисли инҳо),  бахши хусусӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи  дастрасӣ ба таҳсилот, таъмини шароити баробар барои шуғл ва бокортаъминкунӣ, дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқҳои репродуктивӣ, ба варзиш, сайёҳӣ, ҳаёти фарҳангӣ, кам кардани хатарҳо дар ҳолатҳои рух додани офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода ва мисли инҳо

 

 

 

мунтазам

ВИД, МИМҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

Моддаи 8 (2)

7.2. Мусоидат барои баланд бардоштани иқтидор ва фаъолнокии шахсони маъюб, бо дар назар доштани усулҳое, ки ба ҳуқуқи инсон асос ёфтаанд, аз ҷумла дастгирии таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии нав, дарёфти грантҳо барои фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои афзалиятнок ва ѓайра

мунтазам

ВИД,  ВҲИ, МИМҲД

Маблағгузории иловагиро талаб намекунад

 

8. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Нақшаи амалҳо

 

Моддаи 31

8.1. Такмил додан ва ҷорӣ намудани ҳисоботи оморӣ ва ҷамъоварии мутамаркази иттилоот, аз ҷумла баррасӣ ва такмил додани шаклҳои амалкунандаи ҳисоботи оморӣ, ки дар онҳо оид ба маъюбон маълумот дода мешаванд ва ҷамъоварӣ намудани иттилооти муносиб, паҳн кардани иттилооти ҷамъоваригардида ва мавриди истифода бурдани онҳо ҳангоми таҳия ва амалӣ намудани стратегияву барномаҳои соҳавӣ

мунтазам

АО, ВТҲИА, АСИН, МИМҲД

Маблағгузори иловагиро талаб намекунад

 

Моддаи 33

8.2. Гузаронидани чорабиниҳо оид ба маълумотнокии аҳолӣ дар бораи КҲМ

мунтазам

КТР, ВИД, МИМҲД

Маблағгузории иловагиро талаб намекунад

 

8.3. Таҳлили раванди аз ҷониби иҷрокунандагон иҷро кардани чорабиниҳои пешбининамудаи Нақшаи амалҳо

ҳар нимсола

ДИП, ГКБДИП

Маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст

 

8.4.  Таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ, китобчаҳо, китобу маҷмааҳо, мақолаҳо дар бораи КҲМ ва дигар мавзўъҳои марбут ба конвенсия ва масоили маъюбӣ дар шаклу усулҳои барои ҳама маъюбон дастрас

мунтазам

ВИД, МИМҲД

Дар доираи маблағҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдор, маблағгузории шарикони рушд, дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ

 

 

ЭЗОҲ:

1. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вазорату идораҳои ваколатдор таҳия гардида, аввалан ба баррасии гурўҳи кории байниидоравии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Пас аз баррасии он дар ҷаласаи гурўҳи корӣ дар сурати зарурат лоиҳаи таҳиягардида тибқи тартиби муқарраргардида бо вазорату идораҳо мувофиқа гардида, сипас ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешавад.

2. Барои иҷрои чорабиниҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мувофиқа ҷалб карда мешаванд.


Рўйхати ихтисораҳо:

ДИП – Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ГКБДИП - гурўҳи кории байниидоравии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МНМОҶТ - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВИД – вазорату идораҳои дахлдор

ДМД – дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДМСМТД - дигар мақомоте, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимӣ доранд

КМИР – Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АО – Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КРМ - Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВА – Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМИ – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВММША – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВН – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВРИС – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВСТН – Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВТҲИА – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон

ВФ – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

КДСИАД – Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КА - Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КЗИ – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ККЗО – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ККҶВ – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КРС - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КМС – Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КТР – Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ААГ – Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АСИН – Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХА – Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХГ – Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВҲИ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ММҚ – Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИМҲД – мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

АИ – Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

АИТ – Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон

АВАО – Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФИКМ – Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИЖ – Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИМ – Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон

КП – Кумитаи паралимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФГВҶ – федератсияҳои гуногуни варзишии кишвар

 

 

 

 

Последнее изменение Вторник, 01 Сентябрь 2020

О нас

 ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ОРГАНИЗАЦИИ: 

Содействие в обеспечение равных прав и возможностей женщинам с инвалидностью в участии во всех сферах общественной жизни.

Активизация и вовлечение женщин с инвалидностью в общество. 

Повышение потенциала ЖСИ, путем проведения семинаров и обучения навыкам. 

Внедрение социально-правовой модели инвалидности. 

Повышение правовой грамотности ЖСИ. 

Предотвращение попадания Детей с инвалидностьюв специализированные учреждения.