Версия для печати

                     

 

 Тасдиќ шудааст

бо ќарори Гурўњи идоракунии лоињаи

«Пешбурди таѓйироти иљтимої ва омӯзиши касбии фарогир INCLUSION» аз 15.11.2019

 

 

МУЌАРРАРОТИ

Озмуни «Бизнеси худро шурўъ намо – 2020»

 

           1. Муќаррароти умумї

 

 Њамин Муќаррарот ҳуҷҷати асосие мебошад, ки тартиби ташкил додан ва гузарондани озмуни Бизнеси худро шурўъ намо – 2020-ро танзим карда, қоидаҳо ва шартҳои гузаронидани озмун, меъёрҳои интихоб ва бањодињии нақшаҳои бизнесии эълоншуда барои иштирок дар Озмун ва тартиби додани грантҳои хурдро муайян менамояд.

     1.1 Ташкилдињандагони Озмун

 Ташкилдињандагони Озмун ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюби Иштирок дар шарикї бо Намояндагии Институти њамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқї Олмон (DVV International) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба њамкориҳои иқтисодї ва рушд дар чорчубаи лоиҳаи Пешбурди таѓйироти иљтимої ва омӯзиши касбии фарогир – INCLUSION мебошанд.

 

  2. Маќсад ва вазифањои Озмун

 

 2.1. Озмун бо маќсадњои зерин гузаронида мешавад:

2.1.1. Мусоидат ба шахсони маъюбиятдошта љињати таъмини онњо бо шуѓли мустаќил, тавассути рушди соҳибкории хурд беҳтар гардонидани вазъи иқтисодї ва таъсис додани ҷойҳои кории нав.

 

2.1.2. Муайян сохтан ва тарғиб кардани ѓояњои (идеяҳои) бизнесии инноватсионї дар байни шахсони маъюбиятдошта ва барои татбиқи онҳо тавассути пешниҳоди грантҳои хурд.

2.1.3. Ҷалби кардани шахсони маъюбиятдошта ба рушди устувори минтақаи онҳо.

 

2.1.4. Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соњибкории хурд дар байни маъюбон дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои пилотии лоиња: дар ноњияи Рашт, шаҳрҳои Панљакент ва Душанбе.

2.2. Масъалањое, ки њангоми гузаронидани Озмун њал мешаванд:

2.2.1.Ҳавасманд ва фаъол гардонидани маъюбон барои ҳамгирої дар њаёти ҷомеа ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар.

2.2.2. Тағйир додани стереотипҳои манфӣ, решакан кардани тамғагузорї ва мањдудкунї (дискриминатсия) нисбати шахсони маъюб, ба вуҷуд овардани имиљи (мувофиқ) мусбат.

2.2.3. Муайянкунї, арзёбї ва эътирофи моделҳои муваффаќ ва самараноки фаъолияти шахсони маъюб дар соњаи бизнеси хурд.

2.2.4. Сохтани шабакае, ки ғолибони Озмунро дар оянда барои пањн кардани таҷрибаи онњо дар байни маъюбон муттаҳид созад.

 

   3. Принсипњои асосие, ки њангоми гузаронидани Озмун амалї мешаванд:

 

 

3.1. Баробарї – муҳайё кардани шароити баробари озмунї барои ҳамаи иштирокчиёни Озмун.

3.2. Воќеият – арзёбии иштирокчиёни Озмун мувофиќи номзадї бо меъёрҳои ягона.

 

3.3. Ошкорї – ба тариќи ройгон ва кушод фароњам овардани иттилоот дар бораи рафт ва натиҷаҳои Озмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар сомонањои ташкилотчиён ва шарикони онҳо.

 

       4. Натиљањое, ки њангоми раванди гузаронидани Озмун ба даст оварда мешаванд:

 

 

4.1. Ѓояҳои бењтарини бизнесии соњибкорони ояндаи дорои иќтидор ва ќобилиятноки тиҷоратї муайян гардиданд.

4.2. Ҳадди аќал 6 ѓояњои бизнесї дастгирї карда шуданд.

4.3. Барои маъюбон ҷойҳои нави корї таъсис дода шуд.

 

4.4. Ба рушди соњибкории хурд дар байни маъюбони се ноҳияи пилотї мусоидат расонида шуд.

4.5. Омӯзиши дарсҳои андўхта ва паҳн кардани таҷрибањои муваффақ дар кишвар.

 

   5. Сохтори ташкилотии Озмун

 

 

5.1. Комиссияи экспертї аз љониби Гурўҳи идоракунии лоиња аз њисоби кормандони ташкилотњое, ки дорои таљрибаи таҳия ва идоракунии лоиҳаҳо / лоиҳаҳои бизнесї мебошанд, таъсис дода шуда, он дархостњои лоиҳаро арзёбӣ ва дар бораи ѓолибон ќарор ќабул мекунад.

 

  6. Номзадињо ва иштирокчиёни Озмун

 

 

6.1. Дар Озмун шахсони маъюб ва / ё гурӯҳњое, ки хатмкунандагони курсҳои рушди бизнеси хурд, чорабиниҳои таълимӣ ва курсҳои омӯзиши касбї дар доираи лоиҳаи “Пешбурди таѓйироти иљтимої ва омӯзиши касбии фарогир – INCLUSION” мебошанд, иштирок карда метавонанд.

6.2. Дар Озмун ѓояњои бизнесии зерин пешниҳод шуда метавонанд:

ü Соњаи истењсолот;

ü Фаъолияти соҳибкории хурди дар соњаи иҷтимоӣ тањияшуда;

ü Соњаи хизматрасонї ва хўроки љамъиятї (хизматрасонии маишї, хизматрасонии нақлиётї, хизматрасонии реклама, хушкшўї, интернет-кафењо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ғайра);

ü Соҳаи зебої, мўд ва дизайн ва ҳунармандї;

ü Кишоварзӣ;

 

ü Соњаи хизматрасониҳои таълимї ва ташаббусҳои дигари инноватсионї, ки барои маъюбон љињати таъмин онњо бо шуѓл/кор шароити мусоид фароњам меоварад.

     

   7. Меъёрњои асосии интихоб:

 

7.1. Довталабон шахсони маъюбе мебошанд, ки онњо дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт дар тренингҳои таълимӣ ва курсҳои омӯзиши касбӣ дар чорчўби лоиҳаи “Пешбурди таѓйироти иљтимої ва таълими касбии фарогир – INCLUSION” иштирок доштанд.

7.2. Доштани шиносномаи миллї.

7.3. Доштании раќами мушаххасї андозсупоранда (РМА).

7.4. Омодагӣ доштан барои гирифтани патент / шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкории инфиродї.

7.5. Мактубҳои дастгирї аз ҷониби маќомоти маҳаллї пазируфта карда мешаванд.

7.6. Хароҷотбарорӣ, воқеият ва устувории нақшаи бизнес.

7.7. Авлавияти намуди фаъолият дар минтаќаи мазкур.

7.8. Малакањои хуби ташкилї ва идоракунї.

7.9. Ќобилияти таъсис додани тим ва кор дар тим

7.10. Таъсиси додани ҷойҳои кории нав.

Шароити иштирок дар Озмун ва тартиби ќабули њуљљатњо:

7.11. Барои иштирок дар Озмун иштирокчиён бояд дархости шакли мувофиќро пур кунанд (Ниг. ба Замимаи №1).

7.12. Пеншниҳоди нусхаи  шиносномаи миллӣ бошад;

7.13. Пеншниҳоди нусхаи раќами мушаххасї андозсупоранда (РМА).

7.14. Дархостҳо барои иштирок аз ҳама ноњияњои пилотии лоиҳа қабул карда мешаванд.

7.15.  Довталаб кафолат медиҳад, ки:

Ø маълумоти дар дархости ба Озмун пешниҳодшуда пурра, саҳеҳ ва боэътимод аст;

Ø дархост ягон ҳуқуқҳои шахсони сеюмро вайрон намекунад;

7.16. Ҳуҷҷатҳо ва маводҳои ба Озмун пешниҳодгардида ба иштирокчиёни Озмун баргардонида нашуда, мавриди таќриз њам ќарор нахоњанд гирифт.

7.17. Озмун нињонї буда, он тибқи дархостҳои қаблї барои иштирок дар Озмун гузаронида мешавад.

 7.18. Иштирок дар Озмун ройгон аст.

   

          8. Тартиби гузаронидани Озмун:

 

 

8.1. Озмун дар се марҳила гузаронида мешавад саркарда аз декабри соли 2019 то моҳи марти соли 2020:

8.1.1. Марҳилаи аввал – марњилаи омодагӣ. Дар ин марҳила комиссия экспертї / интихобї таъсис дода мешавад.

8.1.2. Марҳилаи дуюминтихобїқабули дархостҳо барои иштирок аз 25 ноябр то 20 декабри соли 2019.

Дар раванди қабули дархостҳо, ҷаласаҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои пилотии лоиҳа баргузор хоҳад гашт ва иштирокчиёни озмун метавонанд маълумоти иловагӣ гиранд:

Дар шаҳри Душанбе – 2 декабр дар кучаи Академик Адҳамов 64, тел.: 555556804;

Дар шаҳри Панҷакент – 4 декабр дар кучаи Валентина Терешкова 19, тел.: 555557389;

Дар ноҳияи Рашт – 10 декабр шаҳраки Ғарм, кучаи Боқӣ Раҳимзода, хонаи 11, утоқи 2, тел.: 555556839;

Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, аз тарафи комиссияи экспертї нахустинтихоби довталабон (рӯйхати мухтасар) то 15 январи соли 2020 анҷом дода мешавад. Мувофиќи натиҷаҳои мусоҳиба аз байни довталабон ѓолибони Озмун интихоб карда шуда, онњо дар ҷаласаи комиссияи экспертї тибќи суратмаљлис то 3 феврали соли 2020 тасдиќ хоњанд гашт.

 

8.1.3. Марҳилаи сеюм – хотимаи Озмун.

 Хотимаи Озмун аз маросими мукофотдиҳї иборат аст. Чорабиниҳои хотимавї дар шањрњои Душанбе, Панҷакент ва ноњияи Рашт баргузор мешаванд. Ѓолибони Озмуни Бизнеси худро шурўъ намо – 2020 бо шаҳодатнома барои гирифтани гранти хурд барои кушодани бизнеси хусусї мукофотонида мешаванд. Ба имзо расидани шарномаҳо ва додани грантҳо дар шакли таҷҳизот ва/ё ашёи хом то 20 марти соли 2020 баргузор мегардад;

 

8.2. Чорабинињои баъд аз Озмун.

Пас аз муайян кардан ва мукофотонидани ғолибони Озмун, ташкилдињандагон чорабиниҳои зерини пас аз Озмунро баргузор менамоянд:

8.2.1. Гузаронидани чорабинии васеи иттилоотї барои инъикоси фаъолияти иштирокчиёни Озмун дар шабакаҳои иҷтимої ва сомонањои ташкилдињандагон / шарикон.

8.2.2.  Кўмак расонидан дар сохтани шабака барои иштирокчиёни Озмун, ки тавассути он онҳо метавонанд муошират кунанд, ба ҳамдигар маслиҳат диҳанд, робитаҳо барқарор кунанд ва шарик барои бизнес пайдо кунанд ва ғайра.

 

8.2.3.  Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб “Иштирок” мониторинги татбиқи лоиҳаҳои бизнесї ва дастгирии минбаъдаи машваратиро дар давраи то моњи сентябри соли 2020 таъмин карда, инчунин мониторинги муқаррарии муваффақиятнокии татбиқ ва рушди фаъолияти лоиҳаҳоро баъди ба охир расидани мўњлати лоиҳаи “Пешбурди таѓйироти иљтимої ва омӯзиши касбии фарогир – INCLUSION” мегузаронад.

         9. Додани гранти хурд

 

 9.1. Ғолибони Озмун соҳиби шаҳодатнома шуда, бо онњо созишномањои оид ба соњиб шудани таҷҳизот ва / ё ашёи хом барои татбиқи лоиҳаи бизнес баста мешаванд.

9.2. Маблағи ҳадди ниҳоии як грант аз 32 000 (сиву ду ҳазор) сомонӣ иборат буда маблағи умумии ҳамаи грантҳо 193,000 (як саду наваду се ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

                      

                                                             

Последнее изменение Четверг, 28 Ноябрь 2019